Серхио Рамос рекордҳои худро тағйир медиҳад

Серхио Рамос рекордҳои худро тағйир медиҳад

Муҳофизатгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” Серхио Рамос дар даври 34-уми Ла Лига голи 12--уми худро дар мавсими ҷорӣ ба дарвозаи “Атлетик” ворид намуд, ки чунин миқдори голҳо барои Рамос дар як мавсим рекордӣ ба ҳисоб меравад. Қаблан ӯ дар мавсими гузашта ба задани 11 гол даст ёфта буд. Дар ин мавсим бошад пас аз задани гол дар варзишгоҳи "Сан-Мамес" рекорди хешро иваз намуд. Бояд гуфт, ки Серхио Рамос сар аз мавсими солҳои 2005-2006 дар дастаи шоҳона бозӣ менамояд ва ҳоли ҳозир сарвонии ин дастаро ба дӯш дошта, мавсими понздаҳуми худро дар сафи Мадридиҳо паси сар карда истодааст.