Серхио Рамос соҳибмулки нави “Севиля” шуд
Собиқ капитани мунтахаби Испания ва бошгоҳи “Реал Мадрид” Серхио Рамос бошгоҳи “Севиля”-ро ба маблағи 450 миллион евро харидорӣ кард. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.
Тибқи хабарҳо, Рамос соҳиби пурраи дастаи андалусӣ гардида, тамоми саҳмияҳои бошгоҳро ба даст овардааст. Ин яке аз бузургтарин харидҳои футболӣ дар Испания дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки Серхио Рамос маҳз дастпарвари академияи “Севиля” мебошад ва фаъолияти касбии худро аз ҳамин бошгоҳ оғоз карда буд. Ӯ соли 2004 дар ҳайати асосии клуб дебют кард ва баъдан ба “Реал Мадрид” гузашт.
Бо “Реал Мадрид”, ҳимоятгар панҷ унвони Ла Лига ва чор унвони Лигаи Чемпионҳоро ба даст овард. Рамос инчунин бо тими миллии Испания Ҷоми ҷаҳон ва ду Чемпионати Аврупоро ба даст овард.
Соли 2023, бозигар ба “Севиля” баргашт, аммо пас аз анҷоми мавсим клубро тарк кард. Ҳоло боз баъди солҳои зиёд ба дастаи зодгоҳаш баргашта, ин навбат ҳамчун соҳибмулки клуб фаъолият мекунад.
Ҳоло мухлисон интизоранд, ки бо омадани Рамос “Севиля” дубора ба рақобат барои ҷойҳои баланд дар Ла Лига ва мусобиқаҳои аврупоӣ бармегардад.