Серхио Регилонро боз ба иҷора равон карданд
Бошгоҳи "Тоттенҳэм" эълон кард, ки муҳофизи чапи даста - Серхио Регилон ба “Брентфорд” то охири мавсими ҷорӣ ба иҷора дода мешавад.
Бозигари испании 27-сола қисми аввали мавсими 2023/24-ро ба тариқи иҷора дар «Манчестер Юнайтед» гузаронидааст. Ӯ дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати “девҳои сурх” 12 бозӣ анҷом дода, голе ба самар нарасонидааст.
Шартномаи Регилон бо “Тоттенҳэм” то тобистони соли 2025 амал мекунад.