Серж Гнабри боз осеб бардоштааст...
Яке аз пешвоёни «Бавария» - Серж Гнабри осеб бардоштааст ва эҳтимол муддати тӯлонӣ ба майдон набарояд. Ба гуфтаи рӯзноманигор Керри Хоу футболбози олмонӣ бо сабаби осеб тақрибан ду то се моҳ ба майдон намеояд.
Дар ҳамин ҳол, бошгоҳ хабар дод, ки бозигари 28-сола осебаш ҷиддӣ аст, лек дар бораи ҳузури ӯ дар бозиҳои дарпешистодаи даста маълумоти дақиқе нест.
Бояд қайд кард, ки охири ҳафтаи гузашта дар бозӣ бо «Айнтрахт » -и Франкфурт» (1:5) Гнабри ба ҳайси ивазкунанда ба майдон баромад, вале баъди бархӯрд дере нагузашта майдонро тарк кард.
Ҷолиб он аст, ки ин аввалин ҷароҳати Гнабри дар мавсими ҷорӣ нест. Ӯ қаблан ба далели захмӣ чанд бозиро тарк карда буд.
Гнабри дар мавсими гузашта яке аз пешсафони "Бавария" буд, ки дар 34 бозии Бундеслига 14 гол ва 5 партофти головар кардааст.