“Севиля” маротибаи 7-ум қаҳрамони Аврупо шуд!

“Севиля” маротибаи 7-ум қаҳрамони Аврупо шуд!

Дар даври ниҳоии  Лигаи Аврупо дастаҳои “Севиля” ва “Рома”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешти Маҷористон дар ҳузури 61 476 нафар мухлис   доир шуд. Вақти асосии бозӣ  бо ҳисоби мусовии 1 бар 1  анҷом ёфт ва дар силсилазарбаҳои 11 метра футболбозони “Севиля” бо ҳисоби 4 бар 1 музаффарият ба даст оварданд.

Дар дақиқаи 35-уми вохӯрӣ  Пауло Дибала аз ҳайати “Рома” ҳисобро боз кард. Ҷанлука  Манчини ирсоли головарро ба Дибала таъмин намуд. Дар дақиқаи 55-ум ҳимоятгари «Рома» Ҷанлука Манчини ба таври ғайричашмдошт тӯбро ба дарвозаи дастааш равона карда, ҳисобро мусовӣ намуд.  

Вақти асосии бозӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт ва дар дақиқаҳои илова намудаи довар ҳам, ҳисоб тағйир наёфт. Дар силсилазарбаҳои 11 метра футболбозони “Севиля”  бо ҳисоби 4 бар 1 тавонистанд, ки муқобили  “Рома” зафар ёбанд ва унвони қаҳрамониро соҳиб шаванд.

Ҳамин тавр, дастаи  «Севиля» барои ҳафтумин бор дар таърих ғолиби Лигаи Аврупо  гардид. Бори охир пеш аз ин мавсим даста дар мавсими 2019/2020 комёб шуда буд. «Рома» дар мавсими 1990/1991 низ ба финали Ҷоми УЕФА баромада буд, лек он ҷо аз “Интер” мағуб шуд. Футболбозони шаҳри Рим  соли гузашта дар Лигаи Конференсия ғолиб омада буданд.

Лига Аврупо | Финал  

«Севиля» – «Рома» 1:1. ( пен.4:1)

Голҳо: Манчини, 55 (х/г) – Дибала, 35

«Севиля»: Буну, Навас (Монтьел, 95), Баде, Гудел (Маркао Тейшейра, 120), Теллес (Рекик, 95), Ракитич, Фернандо (Жордан, 120), Окампос, Оливер Торрес (Сусо, 46), Хил (Ламела, 46), Эн-Несири.

«Рома»: Руй Патрисиу, Челик (Залевски, 90), Смоллинг, Манчини, Рожер, Спинатсола (Лйоренте, 105), Матич (Бове, 120), Кристанте, Пеллегрини (Эл-Шаарави, 105), Дибала (Вейналдум, 68), Абраҳам (Белотти, 75).