«Севиля» соҳиби сармураббии нав шуд

«Севиля» соҳиби сармураббии нав шуд

Бошгоҳи андалусии «Севиля» Диего Алонсоро ба ҳайси сармураббии нави даста эълон намуд.

Шартнома бо мутахассиси 48-сола то охири маавсим ба нақша гирифта шуда, Алонсо аллакай ба кор дар «Севиля» шурӯъ кардааст.

Ҷои ахири кории Алонсо мунтахаби Уругвай буд, ки онро баъди аз гурӯҳ набаромадани даста дар ҶҶ-2022 тарк намуд. То ин дам ӯ тимҳои «Интер Майами», дастаҳои мексикоии «Монтеррей» ва «Пачука», дастаҳои парагвайии «Олимпия» ва «Гуарани» ва ҳамчунин «Пенярол»-и уругвайиро тамрин додааст.

Рӯзи 8-уми октябр «Севиля» аз вазифа сабукдӯш шудани Хосе Луиса Мендилибараро эълон намуда буд, таҳти роҳбарии нафаре, ки даста ғолиби Лигаи Аврупо дар мавсими-2022/23 шуда буд. Мавсими ҷорӣ «Севиля» таҳти роҳбарии Мендилибара дар 11 бозии ҳамаи мусобиқаҳо танҳо 2 маротиба пирӯз шудааст.