«Севиля» ва «Ред Булл» имтиёзҳоро тақсим намуданд

«Севиля» ва «Ред Булл» имтиёзҳоро тақсим намуданд

Бо бозӣ байн дастаҳои «Севиля»-и Испания ва «Ред Булл Залсбург»-и Австрия бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо оғоз гардид. Рақобати дастаҳо дар майдони “Рамос Санчес Писхуан”-и шаҳри Севиля доир шуда, бо ҳисоби мусовӣ ба анҷом расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 21-ум нимҳимоятгари меҳмонон – Лука Сучич аз зарбаи пеналтӣ боз намуд. Хурсандии футболбозони “Ред Булл” дер давом накард, чунки баъди бист дақиқа Иван Ракитич аз ҷаримаи ёздаҳметра истифода бурда, голи ҷавобиро ба самар расонд. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар дақиқаи 50-уми нимаи дуюми дидор ҳамлагари дастаи “Севиля” – Юсуф Эн-Носирӣ баъди гирифтани баргаи зарди дуюм аз майдон хориҷ карда шуд. Дар идома, бо вуҷуди кӯшишу талошҳои ҳарду даста, дигар ҳисоб тағйир наёфт. Ҳамин тавр, бозӣ миёни тимҳои “Севиля” ва “Ред Булл” бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Баъди ин мусовӣ дастаҳо як имтиёзӣ ба даст оварда, мутаносибан дар зинаи якуму дуюми гурӯҳи “G”-и қарор гирифтанд. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои “Лил”-и Франсия ва “Волсфург”-и Олмон бо натиҷаи мусовии 0:0 ба охир расид.