Шӯхӣ ба ҷанг табдил ёфт, ҷавоби хоҳарбузурги Роналду ба ван Дейк

Шӯхӣ ба ҷанг табдил ёфт, ҷавоби хоҳарбузурги Роналду ба  ван Дейк

Лилиана Катя Авейру хоҳарбузурги форварди тими миллии Португалия ва бошгоҳи “Ювентус” - Криштиану Роналду шӯхии дифоъгари “Ливерпул” - Вирҷил ван Дейкро нисбати бародараш ҷиддӣ қабул намудааст.

Футболбози ҳолландӣ дар маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ”-2019, ки шоми 2-юми декабр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд, ба саволи журналисти “Express UK”: “Криштиану ба ин маърака намеояд, яъне ин маънои онро дорад, ки як рақиби Шумо кам шуд?” Дар ҷавоб ба ин савол бозигари ҳолландӣ ҳазломез чунин ҷавоб дод: “Оё дақиқан Роналду рақиб буд?”

Баъдан худи ван Дейк суханҳяшро тавзеҳ дода, қайд кард, ки ин гуфтаҳои ҳазле беш набуд.

Ин суханҳои муҳофизатгари “Ливерпул” боиси вокуниши васеъ дар саҳифаҳои матбуот шуд. Хоҳарбузурги Роналду Катя Авейру дар ҷавоб ба ин суханҳои ван Дейк чунин гуфт: “Роналду дар як мавсим аз ҳамаи ҷоизаҳое, ки ту дар умрат ба даст овардаӣ бештар соҳиби ҷоизаву унвон шудааст”. Ҳамчунин ӯ дар идома ван Дейкро барои ин суханҳояш маломат карда, бо овардани далелу бурҳони қотеъ бартарии бародарашро дар баробари ван Дейк собит кард.