Шаҳри Душанбе мизбони 14-умин Ниммарафони байналмилалӣ мегардад

Шаҳри Душанбе мизбони 14-умин Ниммарафони байналмилалӣ мегардад

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, санаи 20-уми апрели соли равон соати 09:00, дар Наврӯзгоҳи пойтахт 14-умин Ниммарафони байналмилалӣ дар масофаи 21км 97м баргузор мегардад.

Дар мусобиқа дастаҳо аз 22 шаҳри бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта ширкат меварзанд. Варзишгаронн, ки ҷойҳои якум то шашумро байни мардҳо ва занҳо ишғол менамоянд, бо чунин мукофотпулӣ сарфароз мегарданд:

Ҷойи 1: 38500

Ҷойи 2: 33500

Ҷойи 3: 27500

Ҷойи 4: 22000

Ҷойи 5: 19800

Ҷойи 6: 16500

Дархостҳо то рӯзи 15-уми апрел қабул мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд .

Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2023)

Мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Россия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Россия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2022- Ту Лезарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов   (Ӯзбекистон)

Занон:

2010 – Надежда Поволяева (Россия)

2011 – Алёна Самохвалова (Россия)

2012 – Камила Ханипова (Россия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Россия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022- Теку Бкелу Абеб (Ҳабашистон)

2023 - Тунгускова Екатерина (Ӯзбекистон)

Муаллиф: Фаридун Сафарзода