"Шаҳриҳо" бо ҳисоби минималӣ бар "лондониҳо" ғалаба карданд

"Шаҳриҳо" бо ҳисоби минималӣ бар "лондониҳо" ғалаба карданд
Дар бозии даври 5-уми ПЛА бошгоҳҳои  "Манчестер Сити" ва  " Арсенал" барои имтиёз талош карданд .Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи " Иттиҳод"- шаҳри  Манчестер баргузор гардида  бо ҳисоби 1: 0 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид. Голи ягонаи дидорро  дар дақиқаи 23-уми бозӣ  ҳамлагари дастаи "Манчестер Сити" Раҳим Стерлинг ба дарвозаи Лено  ворид кард. Ҳамин тавр то фарҷоми бозӣ  ба дастаҳо дигар муяссар нашуд, ки хати дарвозаи якдигарро рахна кунанд. Бо ҳамин натиҷа дидори дастаҳо ба охир расид. Шогирдони Гвардиола пас аз ғалаба миқдори имтиёзҳояшонро ба 7 расонида , ба  зинаи 10- уми ҷадвал баромад .  Дастаи "Арсенал" пас аз бохт бо доштани 9 имтиёз дар зинаи 5- уми ҷадвали мусобиқа маскан гирифт.