“Шаҳриҳо” дар охири мавсим бидуни дарвозабони асосӣ монданд
Бошгоҳи «Манчестер Сити» дар бозиҳои охирини мавсим ба дарвозабон Эдерсон умед баста наметавонад.
Дарвозабони бразилӣ дар нимаи дуюми бозии даври 34-уми ПЛА бо “Тоттенҳэм” (2:0) захмӣ шуд. Эдерсон аз муоинаи тиббӣ гузашт ва дар натиҷаи он маълум гардид, ки ӯ осеб бардоштааст.
Ҳамин тариқ, Эдерсон дар даври ниҳоии Чемпионати Англия рӯзи 19-уми май бо «Вест Ҳэм» 19 май ва дар финали Ҷоми Англия рӯзи 25-уми май бо «Манчестер Юнайтед» иштирок намекунад.
Стефан Ортега дар бозиҳои ҳалкунандаи мавсим дар хати дарвозаи “шаҳриҳо” ба майдон мебарояд.