Шаҳром Самиев дар чемпионати Молдовия голи нахустинашро рақам зад

Шаҳром Самиев  дар чемпионати Молдовия голи нахустинашро рақам зад

Ҳуҷумкунандаи 19- солаи яккачинӣ мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев   аввалин маротиба дар ҳайати бошгоҳи "Динамо-Авто"-и Молдовия ба майдон баромад.

Дар бозии даври 14- уми чемпионати Молдовия дастаи Шаҳром Самиев дар сафар бо тими "Сфинтул Георге" рақобат намуд. Дидори мазкур бо натиҷаи мусовии 1:1 ба фарҷом расид. Голи ягонаи динамоиҳоро Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонид. Хотиррасон мешавем, ки дар ин замон дастаи "Динамо-Авто", ки дар ҳайати он футболбози тоҷик Шаҳром Самиев ҳунарнамоӣ мекунад, бо доштани 19 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвали чемпионати Молдовия маскан гирифтааст.