Шакармамад Мирмамадов соҳиби шоҳҷоиза шуд

Шакармамад Мирмамадов соҳиби шоҳҷоиза шуд

Дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор карда шуд. Дар ин маърака шоҳҷоизаро варзишгари маъруфи кишвар Шакармамад Мирмамадов ба даст овард, ӯ дар финал Шайхов Фарёдро мағлуб кард. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.