Шакири дар ҳайати Швейтсария рекорд гузошт

Шакири дар ҳайати Швейтсария рекорд гузошт

Швейтсария дар бозии Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2022 бар Сербия бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ба шарофати ин пирӯзӣ даста ба даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Дар даври 1/8 финал Швейтсария бо Португалия бозӣ мекунад.

Яке аз голҳоро дар ин дидор Ҷердан Шакири ба самар расонид. Ӯ дар Ҷоми Ҷаҳонии сеюм пайиҳам гол зад. Ба ҷуз аз  Шакирӣ, танҳо Лео Месси ва Криштиану Роналду муваффақ шудаанд. Месси дар 4  ва Роналду дар 5 Ҷоми Ҷаҳон пайи ҳам гол ба самар расонидаанд.

Ҳамчунин, Шакири  аввалин швейтсарӣ дар таърих шуд, ки дар се Ҷоми Ҷаҳонии мухталиф (2014, 2018 ва 2022) гол задааст.

Ёдовар мешавем, ки Шакири  дар ҳайати тими MLS бозӣ мекунад.