Шарифхон Нуралиев бо ғалаба Чемпионати Осиёро оғоз кард

Шарифхон Нуралиев бо ғалаба Чемпионати Осиёро оғоз кард

Дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия рӯзи чоруми Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23 сола ҷараён дорад. Давоми 3 рӯзи мусобиқа аз миёни муштзанҳои тоҷик Шарифхон Нуралиев ба пирӯзӣ расид.

Дар рӯзи якуми мусобиқа миёни муштзанҳои то 19 сола Тоҷикистон намоянда надошт. Дар рӯзи дуюми мусобиқа миёни муштзанҳои 23 сола Бибинишастамо Холова (57 кг) ва Дамир Муйбалихонов (60 кг) намояндаҳои кишвари мо буданд.

Бибинишастамо Холова дар вазни 57 кг дар даври аввал бо намояндаи Ҷопон - Рико Ямада сабқат карда, бо қарори доварон бо ҳисоби 4:0 мувоҷеҳи шикаст шуд. Дар вазни то 60 кг Дамир Муйбалихонов бо намояндаи Қазоқистон - Тулебек Нурассюл дар даври аввал рӯ ба рӯ шуда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4:1 мағлуб гардид.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа Тоҷикистонро миёни муштзанҳои 19 сола Аъзамҷон Ҳасанов , Шарифхон Нуралиев ва Бахтовар Усмонов намояндагӣ карданд.

Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни то 50 кг дар даври аввал бо намояндаи Қазоқистон - Асканбай сабқат намуда, дар раунди дуюм тариқи нокаут шикаст хӯрд.

Дар вазни то 60 кг Шарифхон Нуралиев бо намояндаи Филиппин - Кайтуна Вюндел дар даври аввал нерӯ санҷид. Дар ин сабқат пирӯзӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 насиби намояндаи кишвари мо - Шарифхон Нуралиев гардид. Бо ин ғалаба Шарифхон ба марҳилаи баъдӣ роҳхат гирифт.

Бахтовар Усмонов дар вазни то 50 кг бо намояндаи Қазоқистон - Нуркожа нерусанҷӣ карда, дар раунди дуюм тариқи нокаут мувоҷеҳи шикаст гардид.

Имрӯз рақобатҳои рӯзи чаҳорум баргузор мегардад. Миёни муштзанҳои 23 сола Ҳангома Исоева дар вазни то 60 кг Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, дар даври аввал бо намояндаи Ҷопон - Сарии Кокуфу сабқат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юм то 16-уми июл шаҳри Ҷакартаи Индонезия мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23 сола аст. Ҳайати бокси Тоҷикистонро дар мусобиқа 11 муштзан ташкил медиҳанд.Фариноз Абдуллоева ба ҳайси парчамбардори Тоҷикистон  дар маросими расмии ифтитоҳи  мусобиқа  иштирок кард.  Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23 сола,  430 варзишгар аз 26 кишвари қора ҳунарнамоӣ доранд.