Шармандагии бошгоҳи Премйер-лигаи Англия назди дастаи дивизиони сеюм

Шармандагии бошгоҳи Премйер-лигаи Англия назди дастаи дивизиони сеюм

Дар бозии даври 1/32 ниҳоии Ҷоми Англия дастаи дивизиони сеюм «Транмир Роверс» бошгоҳи Премйер-лигаи Англия – “Уотфорд”-ро шикаст дод.
Ин дидор дар варзишгоҳи “Прентон Парк” баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон хатм шуд.
Дар вақти асосии бозӣ ғолиб муайян нашуд – 1:1. Ба голи задани ҳимоятгари “Транмир” Эммануэл Монте футболбози “Уотфорд” Кайлен Хайндс ҷавоб гуфт. Дар қисми иловагӣ бошад, голи задаи Пол Муллин ба “Транмир” пирӯзӣ овард.
Хотиррасон мекунем, ки бозии аввал байни ин дастаҳо бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфта буд.
Акнун дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Англия “Транмир” бо “Манчестер Юнайтед”, ки он дар навбати худ “Вулверхэмптон”-ро шикаст дод, рақобат мекунанд. Дидор 26-уми январ доир мегардад.