Шаш федератсияи байналмилалии варзишӣ эътирофи комили КБО-ро ба даст оварданд

Шаш федератсияи байналмилалии варзишӣ эътирофи комили КБО-ро ба даст оварданд

- Иттиҳоди байналмилалии чирлидинг (ICU) - муваққатан соли 2016 эътироф шуда буд;

- Федератсияи байналмилалии муайтай (IFMA) - муваққатан соли 2016 эътироф шуда буд;

- Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) - муваққатан соли 2018 эътироф шуда буд;

- Федератсияи байналмилалии Icestocksport (IFI) - муваққатан соли 2018 эътироф шуда буд:

- Ассотсиатсияи ҷаҳонии ташкилотҳои кикбоксинг (WAKO) - муваққатан соли 2018 эътироф шуда буд;

- World Lacrosse (WL) - муваққатан соли 2018 эътироф шуда буд.

Қарори эътирофи комили ин федератсияҳо имрӯз дар Иҷлосияи 138-уми КБО дар Токио қабул шуд.