Шашка - “таом барои майна”

Шашка - “таом барои майна”

Шашка яке аз бозиҳои қадимаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумотҳо ҳанӯз дар аҳди қадим фиръавнҳои Миср бо ин намуди бозӣ машғул будаанд. Ба пиндори мисриҳои қадим ин намуди бозиро худое бо номи Тот, ки онро парастиш мекарданд, ба вуҷуд овардааст. Юнониҳо бошанд, ба ин ақида зид баромада, тавлидгари ин бозиро ба худои Гермес нисбат медиҳанд, ки тоҷирону дуздонро ҳимоя мекард.

Ҳамчунин, асотире вуҷуд дорад, шашкаро ҷанговар Паламеди юнонӣ ба вуҷуд овардааст, ки ҳангоми муҳосираи шаҳри машҳури Троя ширкат дошт. Сабаби ихтироъ намудани шашка дар он аст, ки сарбозони ахеянӣ (яке аз қабилаҳои қадимаи мардуми юнонӣ) аз бекорӣ, ҳангоми муҳосираи шаҳри Троя, бояд машғули ягон кор мешуданд. Зеро дар он вақт шаҳри фатҳнашавандаи Трояро ҷанговари ҷасур, Гектори тоскулоҳдор муҳофизат мекард.

Боз ривояти дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки шашкаро сокинони Лидия (яке минтақаҳои Туркия ҳозира) ихтироъ кардаанд. Мақсади тавлиди ин намуд бозиро сокинони Лидия барои аз гуруснагӣ, ки дар фаслҳои камҳосилӣ аз маводи хӯрока танқисӣ доштанд, ҳамчун “ғизо барои майна” кашф кардаанд. Бояд зикр намуд, ки шаҳри Трояи машҳур дар он ҷо вуҷуд доштааст.

Доир ба маъруфияти ин намуди бозӣ дар Руси қадим ҳам, бозёфти бостоншиносон гувоҳӣ медиҳад. Дар қабатҳои ба асри 10 тааллуқ дошта, шашкаҳое ёфт гардид, ки аз санг, қаҳрабо ва гил омода шудаанд. Чунин ҳисобида мешавад, ки ба Руси қадим бозии шашка тавассути викингҳо ворид гардидааст. Зеро монанд ба шашкаҳои ба ин давра мансуб, дар ҳудудҳои Шветсия, Норвегия, Дания ва Исландия низ ёфт гардид. Бо шашка бозӣ карда тавонистан дар Аврупои асримиёнагӣ, яке аз накӯкориҳои ритсарҳо (унвони дворянӣ дар ин минтақаи олам) маҳсуб меёфтааст.

Монанд ба шашка бозие бо номи алкерк дар Мавритониё хеле зиёд паҳн шуда буд. Бозиии мазкур шабеҳи шоҳмот аст. Инро дар шакли тахта ва рангу кунҷҳояш метавон мушоҳида кард. Донаҳои он мисли шоҳмот ранги сафед ва сиёҳро дошта, ҳаракати донаҳо низ монандӣ дорад. Бозии муосири шашка бо ташаббуси фаронсавиҳо тақрибан дар асри 12 пайдо шудааст. Онҳо бозии қадимаи алкреки мавритониёро бо шоҳмот пайваста, намуди имрӯза шашкаро ташкил додаанд.

Аз манбаъҳои боло чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки шашка аз дурагаи шоҳмот ва аз бозии қадимаи мавритании алкерк пайдо шудааст. Аввалин манбаҳо оиди бозии қадимаи алкерк дар яке аз китобҳои мавритонии асри Х маълумот ёфта шудааст. Мавритониҳо аллакай дар он давра, бо 12 дона шашка, аз ду тараф бозӣ мекарданд. Ва ҳангоми бозӣ аз болои донаи рақиб гузашта, онро мегирифтанд. Дар боми маъбади Мисри қадим тахтаи алкеркро дар шакли хишти чида, дарёфтанд.

Дар асрҳои миёна калисоҳои католикии Аврупо аксар бозиҳо, ба монанди қимор, устухонбозӣ ва ҳатто шоҳмотро манъ карда буданд. Вале ин манъкунӣ нисбати бозии шашка дида намешуд. Яъне, ба шашкабозӣ ягон маҳдудият мавҷуд набудааст.

Дар Непал бозие бо номи багҳаҷал вуҷуд дорад, ки тарҷумааш “паланг ба пеш” ном мегирад. Инчунин, он ҷо бозии дигаре бо номи “палангон ва бузҳо” низ мавҷуд аст. Бо ривояте ин бозӣ дар Тибет пайдо шудааст. Донаҳои он фулузии биринҷӣ ё латун будаанд. На чӯби одӣ. Тахтаи он аз 16 хонача иборат буда, дар он чор донаи паланг ва 20 донаи буз мегузоранд.

Донаҳо на дар катакчаҳо, балки дар хати гузариш гузошта мешаванд. Бозингарон аввал бо паланг гашт мекунанд, ки дар аввали бозӣ онҳо дар як кунҷи майдон ҷой мегиранд. Донаҳои буз ибтидо дар ҳолати берун аз бозӣ қарор мегиранд. Ба палангҳо лозим аст, ҳади ақал панҷ ё ҳафт бузро “хӯранд”. Дигар шакли бозӣ ҳам равост. Донаҳои буз бошанд, рӯи тахта бояд ҳолате ба вуҷуд оранд, ки ягон паланг ҳаракат карда натавонад. Ҳам палангон ва ҳам бузҳо дар бозӣ танҳо як гашт карда метавонанд. Лек палангон ҳангоми гирифтани бузҳо метавонанд аз болояшон гузар намоянд. Чунин қоидаҳо дар шашкаи муосир хеле хуб ба назар мерасад.

Шашка дар Қафқози шимолӣ миёни осетинҳо - “кенҳо”, арманиҳо - “тама” ва дар курдҳо - “таме” ном дорад. Гоҳо вақт онро “шашкаи қафқозӣ” ҳам ном мебаранд.

Ҳоролд Мюррэй таърихи шоҳмот ва шашкаро омӯхта, ба хулосае омадааст, ки шашка дар ҷаҳон аз дигар бозиҳо дида хеле суст паҳн шудааст. Маълумот оид ба шашкаро Ҳоролд Мюррэй аз манбаҳои асри 12-16 дарёфт намудааст. Аз манбаҳо собит мешавад, ки дар он замон бозӣ дар минтақаҳои гуногуни Англия, Фаронса ва шояд Испания асри 16 бештар паҳн шудааст.

Таҳқиқоти Ҳоролд Мюррэй аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз дар асри 16 бо шашка чизе ба вуқӯъ омад ва он дар саросари Аврупо паҳн ва машҳур гардид. Тақрибан соли 1535 дар бозии шашка тартибе, ки агар роҳ барои задани донаи рақиб кушода ва он бояд зада шавад, ба вуҷуд омад. Ин тартиб то замони мо бе ягон дигаргунӣ расидааст.

Аввалин мусобиқаи ҷаҳон оид ба шашка соли 1847 доир гардид. Дар он бозингари шотландӣ Эндрю Эндерсон бар рақибаш Ҷеймс Вилл ғолиб омад. Бозӣ бо тарзи “тавре гашт кун, ки маъқулат аст”, доир шуда буд. Баъд аз ин мусобиқаҳо тез-тез ҷараён мегирифт. Ғолибиятро нафақат намояндагони Шотландия, балки аз дигар давлатҳо, ки дар мусобиқаҳо ширкат меварзиданд, ба даст моварданд.

Федератсияи байналмилалии шашка моҳи сентябри соли 1947 ташкил ёфт. Федератсия дар Ҳолландия ҷойгир буда, ба он қариб 50 федератсияҳои миллии кишварҳои ҷаҳон шомиланд. Соли 1948 аввалин мусобиқаи ҷаҳонии шашка доир шуд. Дар мусобиқаи мазкур П. Роозенбурги ҳолландӣ ғолиб омада, ғолибиятро дар се мусобиқаи пайи ҳам доиршуда, аз даст надод. Баъдан аз соли 1950 то соли 1970 намояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ И. Куперман ҳафт маротиба, паси ҳам қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Сипас, се дафъа ғолибиятро А. Андрейко, шашкабози дигари шӯравӣ ба даст овард. Баъд аз он лаҷоми ғолибиятро шашкабози ҳолландӣ Х. Вирсм ба даст оварда, шаш дафъа қаҳрамони ҷаҳон мегардад. Аммо аз ҳама беш бозингари рус А. Чижов, аз соли 1988 то соли 2000, нуҳ маротиба ғолибиятро ба даст овардааст.

Айни замон шашка яке аз бозиҳои маъмул дар саросари ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҳаводорони зиёдро дар атрофи худ гирд овардааст. Ва ин бозиест, ки дар муҳити манзил бо аҳли байт, дар ҳалқаи дӯстон дар ягон гӯшаи табиат ё боғи фарҳангӣ, ҷои кор ва ғайра, чун шоҳмот метавон ба он машғул гашт. 

Манбаъ: http://javonon.tj/