Шелтон бар Пол пирӯз шуд ва ба нимфинали мусобиқа дар Токио роҳ ёфт

Шелтон бар Пол пирӯз шуд ва ба нимфинали мусобиқа дар Токио роҳ ёфт

Теннисбози амрикоӣ, ракеткаи 19-уми ҷаҳон Бен Шелтон дар бозии даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи ATP-500 дар Токиои Ҷопон пирӯзии комил ба даст овард. Теннисбоз дар ду сет бар ҳамватани худ, ракеткаи 12-уми ҷаҳон - Томми Пол пирӯз шуд.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 38 дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 7:6 (7:4), 6:3 анҷом ёфт.

Дар даври ниманиҳоӣ Бен Шелтон ё бо Феликс Аугер-Алиассими канадагӣ ё Маркос Ҷирони амрикоӣ бозӣ хоҳад кард. Рақиби теннисбоз имрӯз, 20 –уми октябр муайян хоҳад шуд.