Шеров барандаи нишони биринҷии Baku Grand Slam 2025

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Baku Grand Slam 2025 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон паҳлавони ҷавони тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг барандаи нишони биринҷӣ шуд.
Ҷудокори ҷавону умедбахши тоҷик Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг дар даври аввал намояндаи Хорватия - Роберт Класарро шикаст дода ба даври дуюм баромад. Шеров дар даври дуюм бар Бае Донғюн аз Кореяи Ҷанубӣ зафар ёфта, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳашро ҳамвор намуд.
Абубакр Шеров дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон ватандори ҷудо Рюга Танакаи ҷопониро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Паҳлавони мо дар даври нимниҳоӣ аз Рашид Маммадалиеви озарӣ шикаст хӯрда, барои нишони биринҷӣ муборизаро идома медиҳад. Гарчанде дар охири рақобат Шеров соҳиби имтиёзи иппон шуд, аммо аз ҷониби доварон бекор карда шуд.
Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Шеров бо Гиоргий Чихелидзеи гурҷӣ сабқат кард ва бо сари баланд пирӯзӣ ба даст овард.
Соли гузашта, дар мусобиқаи мазкур Шеров ба финал баромада, аз Ҳидоят Ҳайдарови озарӣ шикаст хурда, соҳиби нишони нуқра шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин медали паҳлавони тоҷик Абубакр Шеров дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” аст. Қаблан, ҷудокори мо соҳиби 2 нишони нуқра дар мусобиқаҳои Abu Dhabi Grand Slam 2024 , Baku Grand Slam 2024 шуда буд ва ин аввалин биринҷӣ дар корномаи Шеров мебошад.
ТВ "Варзиш"