Шервонӣ Мабатшоев: “Ба финал омодаем ва барои соҳиб шудани ҷом талош мекунем”

Шервонӣ Мабатшоев: “Ба финал омодаем ва барои соҳиб шудани ҷом талош мекунем”

Имрӯз нишасти матбуотии дастаҳои "Эсхата"- и шаҳри Хуҷанд ва "Регар-ТадАЗ" - и шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Дар нишасти хабарии пеш аз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 ҳамлагари дастаи "Регар-ТадАЗ" Шервонӣ Мабатшоев иштирок карда, андешаҳои худро ба намояндагони ВАО чунин баён кард.

- Дастаи мо таҷрибаи зиёди бозӣ дар чунин рақобатҳоро дорад. Мо ба финал давоми як ҳафта омодагӣ дидем. Мураббиён дар бораи бозии ҳариф, ҷиҳатҳои бартарӣ ва заъфи он ба мо маълумот доданд. Мекӯшем то бо ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2025 ба шаҳри Турсунзода баргардем.

Доир ба пайвастан ба сафи "Регар-ТадАЗ" ва муҳити даста:

- Маро дар даста бисёр хуб пазируфтанд. Давраи мутобқшавӣ низ осон гузашт. Ҳайати мо хуб аст. Чанд бозигари тими миллӣ, дастаи олимпӣ ва легионерҳои хуб ба ҳайат ҷалб шудаанд. Ҳадафи бачаҳо мисли соли гузашта пирӯзӣ дар Ҷоми кишвар аст. Ман мехоҳам саҳми арзандаи худро дар ин кор гузорам.

Дар бораи мухлисон:

- Ба мухлисони "Регар-ТадАЗ" барои пазироии самимӣ ва дастгириҳои доимиашон миннатдорам. Ҳамаи онҳоро барои тамошои бозии ниҳоӣ ба варзишгоҳ даъват менамоем.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» 14-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.