Шевалйе ва Дембеле дар бозӣ бо “Атлетик” ба майдон намеоянд
Дарвозабони тими мунтахаби Русия Матвей Сафонов метавонад дар дуюмин бозии пайиҳами худ дар ҳайати “ПСЖ” ба майдон барояд.
Хадамоти матбуотии клуб хабар дод, ки дарвозабони асосии дастаи шаҳри Париж - Люка Шевалйе дар бозӣ муқобили “Атлетик”-и Билбао дар даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо ширкат нахоҳад кард. Сабаби ба майдон наомадани Шевалйе ин осеби пойҳояш арзёбӣ мешавад.
Сафонов дар бозии гузаштаи “ПСЖ”, ки дар Лигаи 1 муқобили “Ренн” (5:0) дар дақиқаҳои аввал ба майдон омада буд, интизор меравад, ки Шевалйеро иваз кунад.
Барандаи "Тӯби тиллоӣ" Усмон Дембеле низ аз сабаби беморӣ дар сафари даста ба Билбао иштирок намекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозии “Атлетик”- Билбао ва “ПСЖ” рӯзи 11-уми декабр баргузор мешавад ва соати 01:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.