Шикасти саратон ва маъруфият дар футбол
Воқеан, Манучеҳр Ҷалилов футболбозест, ки ба ин гуна ҷоизаҳо дар сатҳи футболи кишвар арзанда аст, аммо дар баробари ин матонат ва қавииродагии ӯ бештар боиси таҳсину офаринҳост. Ҷавоне, ки тавонист бо матонату иродаи қавии худ бо бемории саратон мубориза бурда, онро шикаст диҳад. Дар матлаби мазкур хостем бо истифода аз ҷоизаҳои бадастовардаи ин футболбози бомаҳорати меҳан роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ аз замони хурдсолӣ то ба инҷониб барои хонандагон маълумот дода бошем, ки воқеан ҳам таъсирбахш аст.
Манучеҳр Ҷалилов футболбози 34-сола зодаи шаҳри Ҳисор мебошад. Ӯ соли 1990 дар ин шаҳри таърихӣ таваллуд шуда, бо гузашти чандин сол яке аз футболбозони машҳур ва калидӣ дар кишвар табдил ёфт. Номбурда бо маҳорати баланди варзишӣ ва саҳми бузурге, ки дар рушди футболи кишвар гузоштааст, ҳамчун намуна барои насли ҷавон мебошад.
ОҒОЗИ РОҲ
Манучеҳр Ҷалилов аз замони хурдсолӣ ба футбол шавқ дошт. Бинобар ин, падар дар замони наврасӣ ӯро ба Русия мебарад, то дар он ҷо қадамҳои аввалини худро дар роҳе гузорад, ки ба ӯ писанд аст. Ӯ дар Академияи футболи дастаи “Локомотив”-и Москва таълим гирифт. Дастаи аввалине, ки Ҷалилов дар он ба ҳайси футболбоз ҳунарнамоӣ кардааст, маҳз ҳамин даста буд. Аммо бадии кор дар он буд, ки ӯ на дар ҳайати тими асосӣ, балки дар ҳайати тими "Локомотив-2" бозӣ мекард. Манучеҳр дар ин даста 44 бозӣ гузаронида, ба задани 8 гол даст ёфт. Пас аз ин ӯ дарк намуд, ки бозӣ дар чунин даста гарчанде барои таҷриба хуб аст, аммо барои дар сатҳи футболи касбӣ баромадан, на он қадар манфиатбахш аст.
Пас аз ин қаҳрамони мо тасмим гирифт, то дастаи худ-ро иваз намояд. Соли 2011 Манучеҳр ба дастаи дигари русӣ - "Нефтехимик"-и Нижнекамск ҳамроҳ шуд. Дар ҳайати ин даста ӯ то соли 2014 дар 84 бозӣ иштирок карда, ба задани 10 гол мушарраф шуд. Аммо ин натиҷа қаҳрамони моро қонеъ гардонида наметавонист. Бинобар ин, ӯ маҷбур шуд, то барои ёфтани мавқеи асосии худ боз ҳам тарки даста намуда, думболи бошгоҳи муносибтаре гардад.
БАРГАШТАН БА ВАТАН
Пас аз солиёни тулонии берун аз Ватан будан, билохира Манучеҳр ба кишвар баргашт. Ин бозгашти Манучеҳр ба соли 2015 рост омад. Ин як марҳилаи нав дар фаъолияти футболбозии варзишгар гардид. Ӯ ба Ватан баргашта, бо дастаи "Истиқлол"-и Душанбе шартнома баст. Ин қарор ба ӯ имкон дод, то дар сатҳи баландтар ба фаъолият пардозад. Акнун Манучеҳр имкон дошт, то ҳунари худро дар футболи кишвар нишон дода, баҳри рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон саҳми худро гузорад.
Бозгашт ба Ватан ва ҳунарнамоӣ дар ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе барои Манучеҳр манфиатбахш буд. Ӯ дар солҳои 2015 ва 2016 бо бошгоҳи "Истиқлол" ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Ҳамчунин, дар ҳамин ду мавсими зикргардида ӯ бо задани 22 голӣ дар ҳар мавсим унвони беҳтарин нишонзани Лигаи олии кишварро ба даст овард. Манучеҳр то соли 2017 дар ҳайати бошгоҳи “Истиқлол” дар 47 бозӣ ҳунарнамоӣ карда, ба задани 59 гол даст ёфт, ки ин яке аз натиҷаҳои баландтарин дар корномаи варзишии қаҳрамони мо ба ҳисоб мерафт.
Бо вуҷуди мавқеъ пайдо кардан дар ҳайати дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр тасмим гирифт, бори дигар ивази даста намуда, ҳунари худро дар дигар бошгоҳҳо низ санҷад. Бо ин мақсад ӯ аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба ҳайати бошгоҳи “Шривиджа”-и Индонезия пайваст. Дар ин бошгоҳ ҳамагӣ як сол ҳунарнамоӣ карда, дар 30 бозӣ иштирок кард. Дар ҳамаи ин 30 рақобат ба задани ҳамагӣ 7 гол даст ёфт. Соли 2019 дар дастаи дигари индонезӣ – “Персебая Сурабая” фаъолият дошт, ки дар он низ чандон муваффақ нагардид. Манучеҳр дар 14 рақобати ин бошгоҳ ҳунарнамоӣ карда, ба задани 1 гол даст ёфт. Пас аз ин соли 2020 дигарбора ба ҳайати дастаи “Истиқлол” пайваст ва то ба ҳол дар ин бошгоҳ ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бошгоҳ Манучеҳр яке аз беҳтаринҳо эътироф гаштааст ва ҳунари ӯро мухлисони даста хуш қабул кардаанд.
ФАЪОЛИЯТ ДАР ТИМИ МУНТАХАБ
Дар баробари фаъолият дар бошгоҳҳои гуногун Манучеҳр фаъолияти худро дар дастаи миллӣ аз замони наврасӣ оғоз кард. Ӯ узви дастаи наврасони Тоҷикистон буд, ки дар соли 2007 ба марҳилаи плей-оффи Чемпионати ҷаҳонии наврасони то 17-сола роҳ ёфта буд. Дебют ё бозии нахустинаш бошад, дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба 2-юми сентябри соли 2011, дар бозӣ бар зидди дастаи миллии Узбекистон ба вуқӯъ пайваст. Аз он замон инҷониб, Манучеҳр ҳамчун як узви муҳим ва раҳбари майдон барои тими миллии Тоҷикистон хидмат мекунад.
БЕМОРӢ ВА ДУРӢ АЗ ФУТБОЛ
Мусобиқот барои Манучеҳр ҳам дар сатҳи бошгоҳӣ ва ҳам дар сатҳи тими миллӣ бо маром идома дошт ва футболбоз беҳтарин замони корномаи варзишии худ-ро тай мекард, то он замоне, ки гирифтори бемории нобаҳангоми саратон гардид. Бори охир пеш аз беморӣ Манучеҳр моҳи июни соли 2023 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон муқобили тими миллии Узбекистон ҳунарнамоӣ кард. Пас аз гирифторӣ ба беморӣ ӯ роҳ пеш гирифт ҷониби шаҳри Москва баҳри табобат. Дар яке аз бемористонҳои ин шаҳри Русия ба табобат пардохт. Табобати Манучеҳр наз-дик ба як сол давом кард. Дар ин муддати табобат Манучеҳр яке аз беҳтарин мусобиқотро, ки бо будани ӯ бозии тими миллии кишвар ранги дигар мегирифт, аз даст дод. Ин мусобиқа Чемпионати Осиё – 2023 буд, ки дар Қатар баргузор гардид. Ҳарчанд Манучеҳр бо ҳайати тими миллӣ ба он ҷо сафар кард, аммо аз сабаби беморӣ дар мусобиқа иштирок карда натавонист. Ин лаҳзаро худи Манучеҳр дар яке аз нигоштаҳояш дар саҳифаи инстаграмии худ чунин тасвир кардааст:
“Мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳайати мураббиён ва бозингарон ташаккур гӯям, ки маро фаромӯш накардаанд ва имкони ҳамроҳ шудан бо онҳо дар мусобиқаи бузургро доданд. Мутаассифона, худ наметавонам дар майдон ба даста кӯмак кунам, аммо ман барои бародаронам дуо мекунам ва бо тамоми дилу ҷон ҳаводорӣ мекунам. Беҳтаринҳо ҳанӯз дар пешанд”.
Ҳарчанд тими мунтахаби кишвар дар Ҷоми осиё ҳунарнамоии арзандае нишон дод ва ба қатори 8 дастаи бартари Осиё шомил шуд, аммо ҳаводорони футболи меҳан ба он андешаанд, ки будани Манучеҳр дар даста метавонист натиҷаи аз ин ҳам беҳтарро ба бор орад.
БОЗГАШТИ ДУБОРА БА ФУТБОЛ
Ӯ тавонист бо матонату қавииродагии худ, ки дар оғози матлаби мазкур аз он ёдоварӣ кардем, бемории саратонро мағлуб карда, дигарбора ба фаъ-олияти варзишии худ баргардад. Бозгашти Манучеҳр ба майдони сабзи футбол моҳи марти соли 2024 ба вуқуъ пайваст. Ӯ дар дақиқаи 72-юми бозии дӯстонаи “Истиқлол”-и Душанбе муқобили “Спартак-2”-и Москва ба майдон баромада, ҳунарнамоӣ кард. Ин бозии дебютии ӯ баъд аз беморӣ ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди он ки дар миёнаи мавсим ба рақобатҳо баргашт, аммо тавонист дар охири мавсим барандаи ҷоизаи “Беҳтарин футболбози сол” ва ҳамчунин “Беҳтарин нишонзани сол” гардад, ки ин худ гувоҳи он аст, ки Манучеҳр Ҷалилов яке аз беҳтаринҳо дар футболи кишвар аст.
Ӯ бо маҳорати баланд дар майдон на танҳо ҳамчун нишонзан, балки ҳамчун як раҳбари тим баромад мекунад. Ҳунари ӯ дар бурдани тӯб, эҷоди фурсатҳои голзанӣ ва ҳамгироӣ бо ҳамдастагонаш Манучеҳрро дар байни беҳтарин футболбозони кишвар ҷой медиҳад.
ХУЛОСА
Муваффақиятҳои Манучеҳр Ҷалилов нишон медиҳанд, ки бо ирода, меҳнат ва садоқат ба касб метавон ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил гардид. Зиндагии ӯ як намунаи олӣ барои ҷавонони кишвар аст, ки дар орзуи ба даст овардани комёбиҳои бузург дар футбол ё дилхоҳ соҳа ҳастанд.
Ҳошим Раҳматуллоев,
“ҶТ”