Шикасти шармандавори Уилямс аз теннисбозбонуи 15-сола

Шикасти шармандавори Уилямс аз теннисбозбонуи 15-сола

Теннисбозбонуи амрикоӣ Винус Уилямс дар даври аввали “Australian Open” аз ҳамватани 15-солаи худ Кори Гауфф шикаст хӯрд.
Қаҳрамони ҳафткаратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” дар ду сет мағлуб шуд — 6:7, 3:6.
Дар даври дуюм Гауфф бо ракеткаи 74-уми ҷаҳон – Сорана Кирстяи руминиягӣ рақобат хоҳад кард.
Хотиррасон мекунем, ки теннисбозбонуи 15-солаи амрикоӣ бори аввал дар мусобиқаи “Australian Open” ҳунарнамоӣ мекунад. Аммо пеш аз ин ҳам ӯ ҳамон Винус Улимясро шикаст дода буд. Он  дар даври аввали  Уимблдон-2019 рух дода буд.