Шиновари тоҷик Фахриддин Маҳкамов имрӯз рақобатҳоро дар Чемпионати Ҷаҳон оғоз мекунад

Шиновари тоҷик Фахриддин Маҳкамов имрӯз  рақобатҳоро дар Чемпионати Ҷаҳон оғоз мекунад

Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионати ҷаҳон ду варзишгар – Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов бо роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд.

Имрӯз бошад,  Фахриддин Маҳкамов дар чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаи 50 метри фристайл баромад мекунад.

Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 74 маҷмӯи медалҳо дар панҷ равия – шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об – нерӯ месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки 19-умин  Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ аз 18 июн то 3 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мегардад.