Ширкати 10 ҷудокори кишвар дар Abu Dhabi Grand Slam 2021

Ширкати 10 ҷудокори кишвар дар Abu Dhabi Grand Slam 2021

26-28-уми ноябр мусобиқаи навбатӣ аз сайри ҷаҳонии ҷудо - “Abu Dhabi Grand Slam” баргузор мешавад. Пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб охирин мусобиқаи ҷудо миёни калонсолонро дар соли 2021 мегузаронад. Тибқи иттилоъи Федератсияи байналмилалии ҷудо дар мусобиқа 232 варзишгар (144 мард ва 88 зан) аз 42 давлат иштирок мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ 10 нафарро ба Абу Даби сафарбар мекунад:

-60кг - Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ

-66кг - Алиҷон САФАРАЛИЕВ

-66кг - Баҳром СУФИЕВ

-73кг - Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ

-73кг - Сомон МАҲМАДБЕКОВ

-81кг - Ҳақназар НАЗАРОВ

-81кг - Хушвақт ИДИЕВ

-90кг - Ҷаҳонгир МАҶИДОВ

-90кг - Комроншоҳ УСТОПИРИЁН

+100кг - Темур РАҲИМОВ

Мусобиқа 26 ноябр чун анъана бо рақобатҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон шуруъ мегардад. Дар рӯзи дуюм бонувони вазнашон -63кг, -70кг ва мардони вазнашон -73кг, -81кг гӯштин мегиранд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг, мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ҷамъбаст мегардад.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои мақомдори ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ду ҳафта пеш (5-7 ноябр) паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.