Ширкати брендии Louis Vuitton- шарики Бозиҳои Олимпии Париж-2024
Ширкати LVMH Moët Hennessy Louis Vuitton шарики Бозиҳои олимпии соли 2024 дар шаҳри Париж гардид. Дар ин бора нашрияи Inside the Games хабар медиҳад.
Ширкат дорои чанде аз тамғаҳои брендӣ буда, функсияҳои ба худ хос дорад. Ширкати соатбарории Chaumet тарҳи нишонҳои олимпӣ ва паралимпиро коркард намуда, Moët Hennessy, ки ба истеҳсоли машруботҳои спиртӣ ва сахттаъсир сару кор дорад, дар меҳмонхонаҳо маҳсулоти хешро пешкаш мекунад; ширкати Sephora, ки ба истеҳсоли воситаҳои беҳдоштии шахсӣ машғул аст, чун шарики эстафетаи оташи олимпӣ фаъолият мекунад ва брендҳоро дар масири хатсайри эстафета тарғиб мекунад.
Қайд карда мешавад, ки LVMH варзишгарони фаронсавӣ аз зумраи қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оиди шиноварӣ Леон Маршанро дастгирӣ мекунад.