Ширкати Месси дар финали Суперҷом зери суол аст

Ширкати Месси дар финали Суперҷом зери суол аст

Сармураббии “Барселона” Роналд Куман гуфт, ки ҳамлагар Лионел Месси бо сабаби лати бардоштааш шояд дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания ширкат наварзад.
"Мо бояд якчанд рӯз мунтазир шавем, то иштирок кардан ва накардани Лео дар бозии ниҳоӣ маълум гардад", - гуфт Куман ба нашрияи AS.
Аргентинии 33-сола бо сабаби нороҳатӣ дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания бар зидди “Реал Сосьедад” ба майдон набаромад. Дар финал “Барселона” бо ғолиби ҷуфти “Реал Мадрид” – “Атлетик Билбао” вомехӯрад.
Финали Суперҷоми Испания рӯзи 17 январ баргузор мешавад.