Шлеменко бар собиқ размкори UFC Оливейра пирӯзӣ ба даст овард

Шлеменко бар собиқ размкори UFC Оливейра пирӯзӣ ба даст овард

Дар доираи рақобати асосии сабқати SFC 8 муҳориба миёни Александр Шлеменко ва Алекс Оливейра доир шуд.

Шлеменко тариқи хаффакунии ҳариф дар раунди аввал пирӯзӣ ба даст овард.

Барои размкори рус ин рақобат аввалин баъди моҳи апрел гардид, замоне, ки бар Ясуби Эномото бо қарори доварон зафар ёфт.

Оливейра бошад моҳи июн Стефан Секуличро ба нокаут фиристод.