“Шоҳи баскетбол” ба дастааш пирӯзӣ овард

“Шоҳи баскетбол” ба дастааш пирӯзӣ овард

Дар рақобати навбатии чемпионати NBA “Лос – Анҷелес Лейкерс”  бошгоҳи “Кливленд Кавалйерс”-ро қабул кард. Дидор дар майдони “Стейплс - сентр” доир гардида, бо ҳисоби бузурги 128:99 ба фоидаи мизбонон хатм шуд.
Беҳтарин бозингар дар ҳайати соҳибони майдон Леброн Ҷеймс гардид. Ӯ дар рафти бозӣ ба дастааш 21 имтиёз овард.
Пас аз ин пирӯзӣ “Лейкерс” силсилаи ғалабаҳои худро ба 9 бозӣ расонид. “Кливленд Кавалйерс” бошад, пас аз 2 ғалабааш боз шикаст хӯрд.