Шоҳи ҷудо дар Бразилия бар тахти шоҳӣ нишаст

Шоҳи ҷудо дар  Бразилия бар тахти шоҳӣ нишаст

Имрӯз дар тамоми сайёра сухан дар бораи шоҳи ҷудо Тедди Ринери Фаронсавӣ меравад. Дар ҳақиқат ҳам дар бораи ин мардтарин марди майдон, соатҳо ва рӯзҳо нависем ва васфаш кунем кам аст, чаро ки то имрӯз ба ӯ касе баробар шуда наметавонад, ҳатто асосгузорони ҷудо аз Тедди Ринер дар ҳаросанд. Бозгашти навбатии ӯ ба майдони набард боз ба хазинаи дастовардҳояш як ҷоиза муҳимеро зам намуд. Тедди Ринер ҷудокори 30 солаи Фаронсавӣ шоми 8-уми октябр ғолибияти худро дар мусобиқаи “Brasilia Grand Slam-2019” ба даст овард. Тедди дар рақобати ниҳоӣ варзишгари Бразилия Давид Моураро шикаст дод. Ҳамакнун Тедди Ринер шуруъ аз соли 2010 инҷониб ягон маротиб мағлуб нагардида, 2 карат чемпиони бозиҳои Олимпӣ (Лондон-2012 ва Рио-2016), 11 карат чемпиони ҷаҳон ва 5 қаҳрамонии Аврупоро мансуби номи худ гардонидааст. Ба ақидаи мутахассисон то бозиҳои олимпии Токио 2020 Тедди шикастнопазир хоҳад боқӣ монд зеро то кунун ягон рақиби сазоворро дар вазни худ надорад.