Шоҳмотбозбонувони қазоқ Асаубаева ва Абдумалик дар Бозиҳои Осиёӣ бе медал монданд

Шоҳмотбозбонувони қазоқ Асаубаева ва Абдумалик дар Бозиҳои Осиёӣ бе медал монданд

Шоҳмотбозбонувони қазоқ Бибисоро Асаубаева ва Жансая Абдумалик ба баромади хеш дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ханчжоуи Чин нуқта гузоштанд, мерасонад МИА «Казинформ»  бо такя ба сомонаи Sports.kz.

Дар сабқатҳои қитъавӣ ҳардӯи варзишгар медал гирифта натавонистанд: Асаубаева зинаи панҷумро ишғол кард, Абдумалик — дар зинаи ҳаштум қарор гирифт. Медали тиллоро шоҳмотбози чиноӣ Чжу Сзинйэр ба даст оварда, барандаи медали нуқра намояндаи Ӯзбекистон Умида Омонова гардид, дар ҳоле, ки нишони биринҷиро чиноии дигар Хоу Ифан ба гардан овехт.

Бибисоро Асаубаеваи 19-сола - қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оиди шоҳмоти барқвор буда, ҳамчунин чун ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмоти барқвор миёни бонувон шомили Китоби рекордҳои Гиннесс шудааст: вақти пирӯзӣ дар ин мусобиқа соли 2021 году ӯ 17 солу 307 рӯз дошта буд. Жансаи Абдумалики 23-сола бошад қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон ва ҷавонон буда, соли гузашта ғолиби Бундеслигаи олмонӣ шуда буд.