Шоҳмотбозбонувони тоҷик дар Ҳиндустон дигарбора пирӯз шуданд

Шоҳмотбозбонувони тоҷик дар Ҳиндустон дигарбора пирӯз шуданд
Мунтахаби бонувони Тоҷикистон имрӯз дар доираи бозии навбатии хеш дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон тими яккачини Суринамро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуданд. Маҳз ҳамин дастаро як рӯз пеш тими мардонаи мо ҳам шикаст дода буд.

Мунтахаби мардона бошад ин навбат бо дастаи Андорра нерӯозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3:5-0:5 дучори мағлубият гардид. Дар бозии мазкур танҳо Илҳоми Ҷалолиддин (бо мӯҳраҳои сиёҳ) муқобили ҳарифаш Рибера Виганзонес Хосеп Мария мусовӣ намуда, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхуҷаев ва Меҳриддин Шарифов аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Рақиби навбатии дастаи мардонаи кишвари мо бошад яккачини Гаити мебошад.