Шоҳмотбози рус Гришук дар мусобиқаи Tata Steel Chess India Blitz пирӯзӣ ба даст овард
Дар мусобиқа 10 шоҳмотбоз ширкат варзида, он ду давр идома кард. Гришук 12 хол аз 18 холи эҳтимолӣ ба даст овард.
Зинаи дуюмро шоҳмотбози 18-сола аз Ӯзбекистон Нодирбек Абдусатторов ишғол кард. Дар зинаи сеюм шоҳмотбози 18-солаи Ҳиндустон Рамешбабу Прагнанандха (ҳардуяшон 11 холӣ касб намуданд) қарор гирифт.