Шоҳҷоизаи гӯштини А. Ҷомӣ насиби кӣ шуд?

Шоҳҷоизаи гӯштини  А. Ҷомӣ насиби кӣ шуд?

Дар фасли зебои баҳор ва айёми ҷашни Наврӯзи хуҷастапай мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мешаванд, ки мардуми варзишдӯсти тоҷикро ба ҳам меорад. Чорабинии варзишӣ, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифт, дар баробари паҳлавонони номдори мамалкат ҳаводорони зиёди гӯштини миллиро сарҷамъ намуд.

Наврӯзи аҷамро сокинони тамоми минтақаҳои кишвар бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни варзишӣ истиқбол мегиранд. Бо ташаббуси мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин минтақа мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор шуд. Мусобиқаи мазкур дар варзишгоҳи марказии ноҳия сурат гирифта, паҳлавонони шинохтаи кишваро аз қабили Шакармамад Мирмамадов, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Эмомризо Қурбонзода ва дигаронро ба ҳам овард.

Мусобиқа дар ҳузури мухлисони сершумори ин варзиши суннатӣ ҷолибу диданӣ сурат гирифтанд. Марҳилаи аввали чорабинӣ бо қувваозмоии паҳлавонони сабуквазн анҷом ёфт.

Баъдан рақобатҳо миён паҳлавонони маъруф идома карданд, ки ҳунару маҳорати онҳо дар майдон шоистаи таҳсин буд.

Ҳамин тариқ дар вазни 60 кг барои дарёфти шоҳҷоизаи аввал бародарон - Муҳаммадризо Қувватов ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов неру санҷиданд, ки дар ин майдондорӣ Муҳаммадризо ғолиб гардид.

Дар вохӯрии ниҳоии вазни 70 кг бошад, боз ҳам ду бародар -Ҳусейн Исоқов ва Ҳасан Исоқовро вориди майдони шуданд.

Барои дарёфти шоҳҷозаи дигар дар вазни 90 кг Эмомризо Қурбонзода бо Ҳақназар Назаров рақобат намуд, ки дар охир ғолибият насиби Ҳақназар Назаров гардид.

Дар ду рақобати ҷоилби дигар Фирдавс Насимов бар Хуршед Маҷидов ва Шакармамад Мирмамадов бар Давлат Назриев дастболо шуданд. Ҳамин тариқ мусобиқаи мазкур дар фазои бисёр хубу хотирмон паси сар шуд. Мусобиқаҳои гӯштини миллӣ дар дигар минтақаҳои мамлакат идома доранд.