Шодмон Ризоев барандаи нишони нуқраи Чемпионати Осиё шуд

Шодмон Ризоев барандаи нишони нуқраи Чемпионати Осиё шуд
Ҷудокори 20 солаи тоҷик Шодмон Ризоев зери вазни то 81 кг  дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар шаҳри Нур -Султони Қазоқистон нишони нуқра ба даст овард.

 Шодмон дар даври ниҳоии мусобиқа муқобили ҷудокори ҷопонӣ Такеши Сасаки рақобатро хуб оғоз кард, лек дар идома аз як аксулҳуҷум дар сонияҳои аввали рақобат ҷудокори ҷопонӣ истифода бурда, бо имтиёзи иппон Шодмонро мағлуб кард ва нишони тилло ба даст овард.

    То ба даври ниҳоии зери вазни то 81 кг роҳ ёфтан,  Шодмон Ризоев -  Чуанг Шанг Чин аз Тайпеи Чин, Владамир Золоев ва  Асад Масабиров ҳар ду аз  Қирғизистонро мағлуб карда  ба финали Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон роҳ ёфта буд.