Шоира Зулқайнарова дар чаҳорякниҳоии чемпионати Осиё...

Шоира Зулқайнарова дар чаҳорякниҳоии чемпионати Осиё...

Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова зери вазни то 63 кг бо натиҷаи 3 бар 0 муштзани кореягӣ Чеонг Хи Дунро дар марҳилаи 1/8 ниҳоии чемпионати ҷаҳон оид ба бокс шикаст дода, ба чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Пагоҳ дар ин марҳила муштзани кишвари мо бо муштзани ҳиндӣ қувваозмоӣ мекунад.

Муштзани дигари кишвар Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг) дар марҳилаи 1/8 ниҳоии чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз муштзани колумбиягӣ Виктория Валенсия  шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Муштзанони дигари кишвар Сумая Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона  Самадова (-57 кг) дар аввалин рақобатҳояшон мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд. Муштзанони кишвар зери роҳнамоии мураббӣ Мирзо Шамсиев дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок доранд.

Мусобиқа аз 6-ум то 21 –уми май дар шаҳри Истанбул баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.