Шоми имрӯз ҷудокорони тоҷик барои медалҳои Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон рақобат мекунанд

Шоми имрӯз ҷудокорони тоҷик барои медалҳои Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон рақобат мекунанд

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар шаҳри Нур Султони Қазоқистон  кишвари моро зери вазни то 73 кг – Беҳрӯз Хоҷазода, зери вазни то 81 кг - ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ карданд. 

Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ муқобили ҷудокори чинӣ Юнлонг Гоу зафар ёфта, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила рақиби ҷудокори кишвари мо аз Қазоқистон – Данияр Шамшаев гардид. Дар раванди сабқат ҷудокори мизбон тавонист бо имтиёзи иппон муқобили Беҳрӯз ғолибият ба даст орад. Ҷудокори мо ба даври тасаллобахш рафт. Дар марҳилаи тасаллобахш Беҳрӯз ҷудоварзи 25 солаи филиппинӣ Накано Кейсейо бо сари баланд ноком кард. Ҳамакнун, шоми имрӯз Беҳрӯз барои ба даст овардани нишони биринҷии мусобиқа бо ҷудокори ӯзбек Обидхон Номонов нерӯсанҷӣ мекунад.

 

Сомон Маҳмадбеков ҷудокори дигари кишварамон зери вазни то 81 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ муқобили ҷудокори ӯзбек Рамазон Аллабердиев дастболо шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудочии ҷопонӣ Такеши Сасаки ноком гардид ва ба даври тасаллобахш рафт. Сомон дар даври тасаллобахш ҷудокори муғул Эрденбайар Батзайаро бо имтиёзи иппон аз сари роҳ бардошт ва шоми имрӯз барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо ҷудокори қирғиз Асад Масабиров рӯи татамӣ қувваозмоӣ мекунад.


    Ҷудокори умедбахши кишвар Шодмон Ризоев зери вазни то 81  кг тавонист бо шикаст додани Чуанг Шанг Чин аз Тайпеи Чин, Владамир Золоев аз Қирғизистон ва Асад Масабиров аз Қирғизистон ба финали Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон роҳ ёбад. Шоми имрӯз шуруъ аз соати 16:00 рақобатҳои финалӣ доир мегарданд. Шодмон дар финал бо ҷудокори ҷопонӣ Сасаки Такеши барои нишони тилло сабқат мекунанд.


Ёдовар мешавем, ки шаҳри Нур Султони кишвари Қазоқистон аз 4-ум то 7-уми август мизбони Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон аст. 

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон ) миёни 182 ҷудокор аз 19 кишвари Осиё доир гардида истодаанд.