Шомуродов беҳтарин нишонзани мунтахаби Ӯзбекистон гардид

Шомуродов беҳтарин нишонзани мунтахаби Ӯзбекистон гардид

Дирӯз, 14-уми июн  дар шаҳри Тошканд бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар чаҳоргонаи «А» баргузор гардид.

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар оғози мусобиқот муқобили Уммон (3:0) ғалаба карда буд, дирӯз  бо тими миллии Туркманистон  андари майдони рақобат шуд.

Бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди мунтахаби Ӯзбекистон анҷом ёфт.

Ҳар ду голро дар ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон – Элдор Шомуродов дар дақиқаҳои 52-юм ва 86-ум ба самар расонид.

Бо ин голҳо Элдор шумораи голҳояшро дар ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон ба 36 адад расонида, беҳтарин нишонзани мунтахаби Ӯзбекистон гардид.

 Шомуродов аз Максим Шатских (34 гол) пеш гузашт.