Шон Дайч аз мақомаш барканор шуд!

Шон Дайч аз мақомаш барканор шуд!

Дафтари матбуотии дастаи “Эвертон” ах барканории сармураббӣ Шон Дайч расман хабар дод. Ёварони мураббӣ Ян Воган, Стив Стоун, Марк Ҳовард ва Билли Мерсер низ аз даста рафтанд.

Ҷолиб он аст, ки клуб ин хабарро се соат пеш аз оғози бозӣ бо “Питерборо Юнайтед” дар даври сеюми Ҷоми Англия нашр кард. Дар ин бозӣ “Эвертон” бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омад.

Гуфта мешавад, сармураббии тими наврасони то 18-сола Лейтон Бейнс ва капитани бошгоҳ Симус Коулман муваққатан роҳбарии дастаи асосиро ба ӯҳда мегиранд.

Қобили зикр аст, ки “Эвертон” пас аз 19 бозӣ дар Премйер-Лига бо 17 имтиёз дар ҷои 16-ум аст.

Дайчи 53-сола 30-юми январи соли 2023 сармураббии “Эвертон” интихоб шуда , шартномаи 2,5 сол ба имзо расонида буд.

Роҳбарияти тими “Эвертон” талош доранд, ки мутахассиси португалӣ Жозе Моуринийо ба даста ҳамчун сармураббӣ ба кор ҷалб кунанд.