Шон Дайч сармураббии нави “Ноттингем Форест”

Шон Дайч сармураббии нави “Ноттингем Форест”

Дафтари матбуоти “Ноттингем Форест” эълон кард, ки мутахассиси англис Шон Дайч сармураббии нави даста таъин шудааст. Пештар “ҷангалбонҳо” бо Ангелос Постекоглу ҷудо шуда буданд.

Ин чаҳорумин клуб дар фаъолияти мураббигии Дайч хоҳад буд, ки қаблан дастаҳои “Уотфорд”, “Бернли” ва “Эвертон”-ро роҳнамоӣ кардааст.

Шартномаи “Ноттингем Форест” бо Дайчи 54-сола то соли 2027 амал мекунад. “Ноттингем Форест” дар ҳоли ҳозир дар ҷадвали Премйер-лигаи Англия бо 5 имтиёз аз 8 бозӣ дар ҷои 18-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки “Ноттингем” дар даври баъдии ПЛА бо “Борнмут” бозӣ мекунад. Ин аввалин бозии даста зери роҳнамоии Шон Дайч хоҳад буд.