Шори Ҳамада ба Ҷопон шодӣ овард

Шори Ҳамада ба Ҷопон шодӣ овард

Имрӯз, 29-уми июл рақобатҳои ҷудо байни бонувони -78кг баргузор шуданд. Дар ин вазн низ мизбонон соҳиби медали тилло гардиданд. Шори Ҳамада ин ҷудобонуи ҷопонӣ бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, бар сурфаи қаҳрамонӣ баромад. Ӯ дар финал бар намояндаи Фаронса - Маделайна Малонга муваффақ шуд. Ногуфта намонад, ки дар ин вазн нишонҳои биринҷиро Анна-Мария Вагнер (Олмон) ва Майра Агияр (Бразилия) соҳиб шуданд. Ёдовар мешавем, ки ин 8-умин медали тилло аз риштаи ҷудо барои мунтахаби ҷудо ба шумор меравад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020. Ҷудо, бонувон, -78кг

Шори Ҳамада (Ҷопон)

Маделайна Малонга (Фаронса)

Анна-Мария Вагнер (Олмон)

Майра Агияр (Бразил)