Шумораи зиёди легионерҳо дар ҳайати дастаҳои ватанӣ

Шумораи зиёди легионерҳо дар ҳайати дастаҳои ватанӣ

То оғози мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳое ба шумор боқӣ мондааст.

Ҳоло мо ба шумо дар бораи футболбозони хориҷие, ки дар ҳайати дастаҳои ватанӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, маълумот хоҳем дод.

Дар мавсими нави Лигаи оли дар ҳайати дастаҳои кишвар 42 легионер аз 9 кишварҳои гуногуни 3 қитъаи олам ҳунарнамоӣ мекунанд. Бештар аз ҳама аз Осиё 24 футболбоз дар Чемпионати мо бозӣ менамоянд. Инчунин аз ду кишвари Африқо 12 бозигар ва 4 футболбози дигар аз Аврупо дар Чемпионати Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Аз ҳама бештар футболбозони ҳамсоякишвари мо - Ӯзбекситон (20 футболбоз) шарафи бошгоҳҳои моро ҳимоя менамоянд. Шаш дастаи Лигаи аввал дар ҳайати худ бозигарони ӯзбекро доро мебошанд.

Ҳамаи дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими 2020 дар ҳайати хеш легионер доранд. Аз ҳама бештар дастаҳои «Куктош», «Истаравшан» ва «Душанбе-83» 6 легионерӣ дар ҳайаташон доранд. 

Ҳамаи легионерҳои дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими -2020:

Ӯзбекистон (20):  Маъмур Икрамов, Сироҷ Ҳамроев, Санҷар Рихсибоев, Андрей Сидоров (ҳама – «Хуҷанд»), Ҷалил Кимсанов, Фаррух Нурлибаев, Сардорбек Эминов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), Нодирбек Ибрагимов (КМВА), Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов, Аббос Икромов (ҳама – «Куктош»), Шаҳзод Шамсиддинов, Зуфарҷон Акбаралиев, Тулкинҷон Умаров, Саиддостон Фозилов (ҳама – «Истаравшан»), Ҷасур Қурбонов, Ҷасур Ашуров, Дилшоҷон Баратов, Азизҷон Зарипов, Анвар Муродов (ҳама – «Файзканд»).

Гана (10): Ишмаил Клотей, Принс Артур (ҳарду – «Куктош»), Куайе Годсон («Хатлон»), Силванус Эванс Гбети, Содиқ Муса, Колинс Адухене, Идрис Амину, Агблей Ҷонс (ҳама – «Душанбе-83»), Бенжамин Асамоа, Авуку Калеб Одуро (ҳарду – «Локомотив-Помир»).

Украина (4):  Алексей Ларин («Истиклол»), Иван Пономаренко, Дмитрий Бондар, Артем Гайдаш (ҳама – КМВА).

Камерун (2): Ҷозеф Феумба, Мбеке Сиебатчеу (ҳама – «Истаравшан»).

Эрон (2):  Акбари Шелдарӣ Араш («Регар-ТадАЗ»), Эрфан Мораднежадӣ («Куктош»).

Россия (1):  Виктор Свежов («Истиқлол»).

Сербия (1): . Марко Милич («Истиқлол»).

Туркманистон (1): Вахит Оразсахедов («Истиқлол»).

Қирғизистон (1):  Арий Элайҷа («Душанбе-83»).