Шупо-Мотинг дар Бундеслига ҳамто надорад!

Шупо-Мотинг дар Бундеслига ҳамто надорад!

Ҳамлагари камерунии дастаи «Бавария»-и Мюнхен Эрик Шупо-Мотинг аз октябри соли 2022 сар карда, беҳтарин нишонзани  “Бундеслига”-и и Олмон ба шумор меравад. Дар ин муддат футболбоз дар тамоми мусобиқаҳо 15 гол задааст. Ҳеҷ яке аз бозигарон дар чемпионати Олмон бештар аз ӯ гол назадаанд.  Дар ин бора Opta Sport хабар додааст.

Ҳамлагари 33-сола, ки аз соли 2020 дар тими Мюнхен бозӣ мекунад, дар мавсими имсола дар ҳайати  даста  15 гол задааст. Шупо-Мотинг дар 16 бозии “Бундеслига”  9 гол ва 3 ассист, дар 5  вохӯрии Лигаи Чемпионҳо ва 3  бозии Ҷоми Олмон 3 гол зада, дар  онҳо 2 ирсоли головари анҷом додааст.

Шартномаи Шупо-Мотинг бо дастаи “Бавария” то соли 2024  амал мекунад.