Шветсия Ибрагимовичро қадрдонӣ кард

Шветсия Ибрагимовичро қадрдонӣ кард

Фератсияи Футболи Шветсия муҷассамаи футболбози дастони мунтахиби худ, ҳамлавари бошгоҳи «Лос-Андҷелес Гэлакси» Златан Ибрагимовичро дар хиёбони варзишгоҳи “Малмё” гузошт. Ин муҷассама 2,7 метр баландӣ дошта, вазнаш 500 кг-ро ташкил медиҳад. Златан дар маросими кушодашавии муҷассама ширкат намуда, ба ташкил кунандагони ин чорабинӣ арзи сипос ва миннатдорӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки Златан Ибрагимович фаъолиятӣ варзишиашро дар бошгоҳи “Малмё” оғоз намуда, дар ҳайати асосии ин даста аз соли 1999 то соли 2001 ҳунарнамоӣ намудааст.