Швейтсария дар силсилаи пеналтӣ Колумбияро шикаст дод
Мунтахаби Швейтсария ба даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт. Швейтсариҳо дар бозии даври ҳаштякниҳоӣ мунтахаби Колумбияро дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 шикаст доданд.
Вохӯрӣ дастаҳо дар варзишгоҳи “Би-Си Плэйс”-и шаҳри Ванкувери Канада баргузор гардид. Ин рақобат дар вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Бо вуҷуди талошҳои ҳарду даста, дар тӯли 120 дақиқа ягон гол ба қайд гирифта нашуд.
Дар силсилаи пеналтӣ аз ҳайати Колумбия Давинсон Санчес тӯбро ба тири уфуқии дарвоза зад, инчунин зарбаи Кучо Эрнандесро дарвозабони Швейтсария баргардонд. Аз ҷониби швейтсариҳо танҳо Мануэл Аканҷи пеналтии худро аз даст дод ва тӯбро болотар аз дарвоза фиристод. Зарбаи ҳалкунандаро Рубен Варгас ба нишон расонд ва пирӯзиро насиби мунтахаби Швейтсария гардонд.
Бо ин ғалаба шогирдони Мурат Якин ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Онҳо дар ин марҳила бо мунтахаби Аргентина барои роҳхат ба марҳилаи нимниҳоӣ рақобат хоҳанд кард.