Си Ҷей Брайс ба сафи «Парма-Пари» пайваст

Си Ҷей Брайс ба сафи «Парма-Пари» пайваст

Дифоъгари 26-солаи амрикоӣ Си Ҷей Брайс (195 см, 92 кг) бо тими «Парма-Пари» шартнома баст.

Солҳои донишҷӯиро баскетболбоз дар донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ гузаронида, дар тими маҳаллии UNC Wilmington Seahawks баромад мекард. Ҳамчунин дар ҳайати дастаи  NC State Wolfpack дар NCAA ҳунарозмоӣ намудааст. Дар масири панҷ соли таҳсил аз соли 2015 то 2020 Брайс борҳо аз ҷониби мураббиёни конференсияҳо ба хотири бозии назаррас мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.

Дар мавсими 2021/2022 Си Ҷей ба кишвари Маҷористон рафта, дар сафи тими маҳаллии «Ниредхаза» бозӣ намуд. Дар тими маҷористонӣ Брайс пешвои даста буд ва мавсими рахшонеро гузаронид. Мавсими қаблӣ бошад баскетболбози амрикоӣ дар Олмон дар ҳайати s.Oliver Baskets (Вюрсбург) гузаронид. Омори миёнаи Брайс дар 17 бозиҳои гузаронида 16,4 хол, 3,2 бозёфт, 1,1 партофт дар 32 дақиқа аст.