Силсилаи мусовиҳои “Реал Мадрид” дар Ла Лига хотима ёфт

Силсилаи мусовиҳои “Реал Мадрид” дар Ла Лига хотима ёфт

Дар доираи бозиҳои даври 19-уми Ла Лигаи Испания бошгоҳҳои “Атлетик”-и Билбао ва “Реал Мадрид” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сан Мамес”-и шаҳри Билбао дар ҳузури 51 313 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди “Реал Мадрид” хотима ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 7-уми бозӣ аз ҷониби Килиан Мбаппе кушода шуд. Трент Александр-Арнолд паси головарро анҷом дод. Дар дақиқаи 42-юми бозӣ аз паси головари Мбаппе истифода намуда, Эдуарду Камавинга ҳисобро дуболо намуд.

Дар дақиқаи 59-уми бозӣ Килиан Мбаппе голи дуюмашро дар вохӯрӣ ба самар расонида, ҳисобро 3 бар 0 намуд. Паси головар марбути номи Алваро Каррерас шуд.

Бо ин ғалаба “Реал Мадрид” шумораи имтиёзҳояшро ба 36 адад расонида, дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа мавқеъ гирифтааст. “Атлетик” бо 20 имтиёз дар зинаи 8-ум аст. Пешсафи ҷадвали мусобиқа “Барселона” бо 37 имтиёз мебошад.

“Реал Мадрид” дар даври оянда, бо “Селта” рӯзи 8-уми декабр дар хона бозӣ мекунад. “Атлетик” рӯзи 7-уми декабр дар хона бо “Атлетико Мадрид” андари майдони рақобат мешаванд.