Синдаров оиди иштирок накардани Доммараҷу дар аксари мусобиқаҳои бузург изҳори назар кард
Гроссмейстери узбек Ҷавоҳир Синдаров дар бораи стратегияи Гукеш Доммараҷу қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот, изҳори назар кард. Вай имрӯзҳо кам дар мусобиқаҳои бузург бозӣ мекунад.
"Ман Гукешро мефаҳмам. Соли гузашта ӯ дар бисёр мусобиқаҳо иштирок кард ва аз ҷиҳати равонӣ дар шакли беҳтарин набуд. Шояд ҳис мекард, ки бояд сари баъзе ҷанбаҳои бозии худ кор кунад. Аммо, ба андешаи ман ӯ шоҳмотбози хеле ҳам қавӣ аст.
Бо ӯ бисёр бозӣ кардаам ва медонам, ки ӯ метавонад бениҳоят хуб бошад. Агар мисли соли 2024 дар беҳтарин ҳолати варзишии худ бошад, дар бозӣ ҳама чиз метавонад рӯй диҳад. Аз ин рӯ, барои он омодагӣ мебинам, ки ӯ дар авҷи аъло рақобат намояд", - иқтибос меорад Indian Express аз суханони Синдаров.
Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти ҷаҳон байни Синдаров ва Доммараджу аз 25 ноябр то 15 декабр дар шаҳри Женеваи кишвари Шветсария баргузор мешавад.