Синнер бар ракеткаи 151-уми ҷаҳон ғолиб омад
Ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози итолиёӣ Янник Синнер бо пирӯзии навбатӣ ба даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи Уимблдон-2026 роҳ ёфт.
Синнер дар даври чоруми мусобиқа, ракеткаи 151-уми ҷаҳон аз Ҷопон - Синтаро Мочизукиро дар се сет бо ҳисоби 6:3, 7:6 (7:0), 6:3 мағлуб кард.
Ин рақобат 2 соату 26 дақиқа идома ёфт. Янник Синнер дар ҷараёни бозӣ 15 эйс анҷом дода, се хатои дукарата содир кард ва аз 12 имкони брейк-пойнт чортояшро истифода бурд.
Мочизуки бошад, чор эйс иҷро намуда, се хатои дукарата дошт, вале аз панҷ имкони брейк-пойнт ягонтоашро амалӣ карда натавонист.
Бо ин пирӯзӣ, Синнер муборизаро барои унвони қаҳрамонии Уимблдон идома медиҳад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ бо теннисбози олмонӣ Ян-Леннард Штруфф рақобат хоҳад кард.
Синнер яке аз довталабони асосии унвони қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад ва то ин марҳила дар Уимблдон бозии устувору боварибахш нишон дода истодааст.